АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДАР АМАЛ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Тибқи аксияи ҳизбӣ, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон Левакант кормандони ташкилоту корхонаҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шинонидани гулҳои зебоу дилрабо ва тозаву озода намудани гирду атрофи коргоҳ, гулгашту роҳравҳо ва кӯчаву хиёбонҳо саҳми муассири худро гузошта истодаанд.

Имрӯз аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан” дар кучаи марказии шаҳри Левакант зиёда аз 10 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки ҳусни гулгаштро боз ҳам зебо менамояд.