ФИТНАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Левакант: Вокуниш  

 ВОКУНИШ: Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасисаву бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоиштаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита ба доми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки қаблан «Ахбор ком» номи худро ба «Ислоҳ нет»-и ифротӣ табдил дода, алҳол барои дарҷ намудани хабарҳои бардурӯғи ифротӣ амал мекунад. Баробари ин бахусус ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ашӯров Ҳусейн ва ҳамақидаи наҳзатиён Беҳрӯз Тағойзодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳояшонро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин хоинони миллат миллат дар барномаҳои ифротии “Пайванд” “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва “Садоми мардум” баромад намуда, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Ин хоинон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ва дар ҳар як баромади хеш такрор ба такрор зикр менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад. Барои ташаббусҳои шоёнашон дар назди халқу Ватан ин фарзанди фарзонаи кишвар Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонистааст имрӯз тамоми тоҷикистониёнро дар атрофи хеш муттаҳид созад муқаддас мебошанд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон боақлу тамизанд, кӣ будани ин хоинонро медонанд.

Бо ифтихор қайд менамоем, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҷавоби ҳамаи ин ғамхориҳои давлату ҳукумат моро мебояд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, бар зидди онҳое, ки мухолифи давлату миллати мо ҳастанд мубориза барем. Амалҳои тӯҳматбори хоинони миллатро маҳкум намуда, барои ҳифзу ҳимояи кишвари худ минбаъд низ саҳми сазовор хоҳем гузошт.

Акрамшоева Гулшан – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.