ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Истифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат буда, инчунин заминаи хуби захирасозӣ барои фасли зимистон мебошад. Сокинони деҳаи Боҳтуробод-1-и Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант суханони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» - ро шиори худ дониста, дар кори ҳамарӯзаи худ истифода намуда истодаанд. Сокинони меҳнатдӯсти деҳа дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд ва пас аз пухта расидани маҳсулотҳои кишткардаашон миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебароранд. Иқдоми мазкур сари вақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад.