ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲАДЯИ ЯЗДОНИ ПОК БАҲРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Левакант: Андеша  

Ривоят аст, ки Худованд дар як аср танҳо барои як қавм ё қабилаи роҳгумзадае дар рӯи замин дӯсти хеш ё сояи худро мефиристодааст, то он миллати роҳгумзадаро роҳнамоӣ кунад. Чуноне ки миллати тоҷик даҳ аср пеш пуштибону сарпаноҳ ва ҳомии худро надошт, то Худованд ба ин миллат Исмоили Сомониро фиристод, ки аз миллати хеш, аз забону фарҳанги ғании ин миллат ҳимоят намояд. Бо гузашти айём аҷнабиён чандин маротиба бар ин сарзамин лашкар кашида, марказҳои илмӣ-фарҳагӣ, шаҳрҳои ободу зебои онро ба харобазор табдил доданд. Мехостанд, забону фарҳанги ин миллатро аз байн баранд, вале ин миллати ҷасуру далер бо тадбирҳои оқилона аз тарафи шахсиятҳои нотакрори таърихӣ тавонист, ки садсолаҳо забону фарҳанги миллии хешро ҳимоя намояд. Ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристонд, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ, роҳкушову роҳнамо бошад. Онҳам бошад ин марди худододу поксиришт, асилу некқадам, абармарди хирадманди майдони сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки он ҳамчун неруи тавонои наҷотбахшу пешбар сабабгори аз парокандагию нестӣ, гумроҳиву нофаҳмӣ наҷот ёфтан, баҳамоиву ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилии миллати тоҷик, базудӣ барқароршавии сулҳу субот, дар дили халқи худ барафрӯхтани шуълаи умед ба фардои дурахшон, сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ, дӯст доштану ҳифзи Ватан, бедории ҳувияту таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ, ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ, дар талотуми таърихи муосир бори дигар эҳё шудану ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидани ин миллати куҳанбунёд ва рушди босуботи минбаъдаи он гардидааст.

Бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург метавон гуфт, ки кору пайкори Пешвои маҳбуби тоҷикон, оини давлатсозиву сулҳофарии ӯ дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсоз қобили қабулу дастури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин тоҷики асилу созанда дар муаррифӣ намудани миллату, забону фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, забони ширину гушнавозу шевои тоҷикӣ борҳо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ аз забони ин абармарди соҳибзабону соҳибхирад садо додаст. Дар асл бо ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забону таъриху фарҳангу урфу одатҳои миллӣ исботи онанд, ки ӯ воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки халқи тоҷик Сарвари ҷасуру хирадманду дурандешу созандаи худро самимонаву сидқан дӯст дошта, заҳмату талошҳои пайваставу шабонарӯзӣ ва корнамоиву ҷонфидоиҳои ӯро дар роҳи эъмори сулҳу давлатдории навини тоҷикон арҷгузорӣ намуда, ба ӯ унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд, ки ҳалолаш бод! Зиҳи пешвои миллати ман! Зиҳи пешвои миллати тоҷикони рӯйи дунё!

Зебо Баротова – аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК”