ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри   таъмини   иҷрои   дастуру  ҳидоятҳои  Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои ободониву тамизкорӣ бо ҷалби ҳайати шахсии кормандон имрӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, аксияи тозагӣ гардид. Кормандони Кумита саҳни корхонаро рубу чин  намуда, бехҳои дарахтонро нарм  ва гулҳои ороиширо аз алафи бегона тоза намуданд.