БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ОБОДИВУ ТОЗАГӢ - ОМИЛИ БУЗУРГИ ҲАСТИЮ ҲАЁТ”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Ободӣ  ва  тозагии  муҳити  зист  танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони комил ба шумор меравад. Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизбӣ созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” аксияи тозагӣ таҳти унвони “Ободиву тозагӣ - омили бузурги ҳастию ҳаёт” доир карда шуд. Мавриди зикр аст, аъзоён-ҷонибдорони ҲХДТ бо руҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ ба таври дастҷамъона барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва нарм намудани бехи онҳо, ба ободу тозакории атрофи бинои хизматӣ баромада, дар зебову назаррабо нигоҳ доштани атроф саҳми муносиб мегузоранд.