ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ - БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ГУЛШИНОНӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи  дастуру  супоришҳои  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдилдодани он дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромад дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷиҳати ободу зебо гардонидани гушаю канори шаҳр имрӯз санаи 04-апрели соли равон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “СНОБ”-и ВАХШ дар шаҳри Левакант аксияи гулшинонӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоён-ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона ва ба як руҳияи баланд дар аксияи мазкур фаъолона ширкат варзида зиёда аз 500-адад гулҳои зебову ороишеро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, дар саҳни корхона ва гирдуатрофи он,  шинониданд. Бояд қайд намуд, ки чунин аксияҳо ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.