СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАМОМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ:Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувиятӣ миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, дар Литсейи давлатии №1 шаҳри Левакант ташаббуси муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” баргузор карда мешавад.
Чунин иқдом  дар муассисаи мазкур бо иштироки директорон ва омӯзгорони пуртаҷриба баргузор карда шуд.
Дар баромадашон вобаста ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти Самаранок истифода барии захираҳои обӣ, Ҳифзи пиряхҳо, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.