АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Тибқи нақша - чорабиниҳои  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” дар Литсейи далвтии №2-и шаҳри Левакант миёни наврасону ҷавонони то 18 сола хониши сиёсӣ баргузор гардид. Аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии ҷомеа суханронӣ карда шуданд.