ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Ҷиҳати   иҷрои       дастуру     супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ вобаста ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз 28-март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “СНОБ”-и ВАХШ аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин аксия кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “СНОБ”-и ВАХШ иштирок намуда, бо истифода аз обу ҳавои баҳорӣ гирду атрофи дарахтонро нарм ва гулу туттаҳоро аз алафҳои худрӯй тоза намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки тозакорӣ аз амалҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.