МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аз суханронии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар оғози курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии аҳоли ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, расонидани кӯмакҳои иловагӣ ба ятимону маюбон мусоидат намуда, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳоли, шахсони бесаробомондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнатро ҳамеша дар мадди назар гирифта дар арафаи таҷлили санаҳои муҳим ва ҷашнҳои миллӣ ба онҳо кӯмак намоянд. Дар ин радиф бахшида ба таҷлили “ Рӯзи Модар” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ва вакилони ҳизбӣ барои Модарони маъюб бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шаҳр ва богнувони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ошхонаи “Миршаб” хони идона густурда онҳоро бо самимият ва эҳтироми беандоза даъват намуданд. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сипосномаҳо, аз тарафи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии бо тӯҳфаҳо ва аз тарафи вакилони шаҳр кӯмаки молиявии яквақтаина ба бонувони маюб расонида шуд.