ЯТИМОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аз суханронии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар оғози курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.. зимнан Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки дар ҳамкори бо мақомоти давлатӣ баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии аҳоли ҳалли масъалаҳои ичтимои, расонидани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маюбон мусоидат намуда, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, шахсони бесаробомондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнатро ҳамеша дар мадди назар гирифта дар арафаи таҷлили санаҳои муҳим ва ҷашнҳои миллӣ ба онҳо кӯмак намоянд. Дар ин радиф бахшида ба таҷлили “ Рӯзи Модар” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ва ташкилоти ибтидоии корхонаи фаръи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳр инчунин мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои ятимдухтарони шаҳри Левакант дар тарабхонаи “Фароз” хони идона густурда онҳоро бо самимият ва эҳтироми беандоза даъват намуданд. Аз тарафи Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ба ҳар як нафар ятим кумаки молиявии яквақтаина расонида шуд. Инчунин аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” “Пайравони Сино” “СНОБ- Вахш” “Барқчиён” “Андозчиён” “Молиячиён” “Маорифчиён” инчунин Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо тӯҳфаҳои идона қадрдони гардиданд. Аз тарафи роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нисбати ятимони кулл таманиётҳои нек бахшида ба “Рӯзи Модар” арзёби гардид.