ЗИЁД НАМУДАНИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Эмомалӣ Раҳмон»
Тибқи накшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбӣ “Витаминҳои Тоҷикистон” мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора оиди зиёд намудани аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби занону бонувон бо котиби ташкилоти мазкур суҳбат доир намуд. Зикр карда шуд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъолона иштирок намуда, ба ободии диёри худ саҳмгузор бошанд.