АКСИЯ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ФАЙЗУ БАРАКАТИ БАРФ ДИГАР АСТ” БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Воқеан ҳам ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду дигаре фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад.

Имрӯз, 01.03.2024, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо мақсади осеб наёфтани дарахтони ороиши ва аз бориши барф шикаста нагаштани шохаҳои онҳо, дар кучаи А. Рӯдакӣ ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуда, дарахтони ороишии гирду атрофи онро аз барф тоза карда шудаанд.