САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Маъракаи “Муқоисакунии аъзои ҳизб” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҷиҳати баланд бардоштани шинохти ҳизб дар байни ҷомеа ва тарғиби ҳадафмандонаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида истодааст. Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо мақсади назорати дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият маъракаи “Шаҳодатномаи ҳизби ифтихори ман!” ва “Муқоисакунии аъзои ҳизб” доир гашта истодааст, ки ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ба ин маърака ҷалб карда шуд.