Конференсияи 26-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз, санаи 24-феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Конференсияи 26-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки 65-нафар вакилон доир гардид.
Дар Конференсия фаъолон, собиқадорони ҳизб даъват шуда, иштирок доштанд. Инчунин, дар кори конференсия муовини якуми раиси шаҳри Левакант Кабирзода Неъматулло иштирок намуданд.
Кори конференсияро Олимзода Низора раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр оғоз бахшида, рӯзномаи Конфренсияро аз рӯи масалаҳои зерин пешниҳод намуданд:
1.Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва раёсати он.
2.Пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №29 и қаламрави шаҳри Левакант ба ивази вакили хориҷшуда.
3.Масъалаҳои ҷорӣ
Вобаста ба масъалаи 1-уми рӯзномаи Конференсия ба ҳайати Кумитаи иҷроия тағйирот ворид гардида, Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Султонов Ф-вакил аз ташкилоти ибтидоии «ҷ.д Ваҳдат»
Раҷабова М-вакил аз ташкилоти ибтидоии «Катс»
Шоҳиён С-вакил аз ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб гардиданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамчунин, вобаста ба масъалаи 2-юми рузномаи Конференсия қайд гардид, ки дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати шашум валокати вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №29 пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Тибқи талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикиистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва Оинномаи ҲХДТ ба ин ҳавза номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ пешбарӣ карда шуд.