ТАРҒИБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ, дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии мазкур, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷиддинов Ориф, мудири шуъбаи рушди иҷтимои робита бо ҷомеаи назди дастгоҳи раиси шаҳри Левакант Шеров Давлат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Халилова Нуқра, сармуҳарири газетаи “Нури Сарбанд” Ашуров Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии “Пайравони Сино” Эмомов Ҳасан бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ва донишҷӯёни, ин даргоҳ  вобаста ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиди пешгирии омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ, ҷинояткорӣ, шабгардию оворагардӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигар омилҳои номатлуб вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Шеров Давлат бо овардани иқтибосҳо аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси таълиму тарбияи дуруст, омӯзиши касбу ҳунар, одобу рафтор, пешгири аз омилҳои номатлуб ибрози назар намуда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештар хонанду соҳибкаст гарданд.

Халилзода Нуқра- мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, вобаста ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, одобу рафтори духтарон дар муассиса ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгири аз хурофотпарастӣ ва амсоли инҳо баромад намуд.

Тоҷиддинов Ориф-муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қайд намуд-Ҳизби халқӣ баҳри халқ аст, шодмонӣ оварад,

Он ҳизб, ки бунёдгараш марди Худост.

Бинёдгари ин ватану хонаи мост.

Он ҳизб, ки мардонагӣ бошад ҳадафаш,

Бо сидқу сафо нишонаи меҳру вафост.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизби созандаю бунёдкор буда, барои ҳифзу ҳимояи сулҳу субот ва амнияти кишвар равона гардидааст. Ин ҳизби созандаи кишвар доимо паи таъмини сулҳи сартосарӣ дар Ватан талош намуда, мақсадаш созандагию ободкорӣ ва бахшидани зиндагии осоиштаи халқ аст.

Имсол аз таъсисёбии ин ҳизби созандаю бунёдкор 30 сол сипарӣ мегардад. Яъне, ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон ҷавони 30 солаи навқадеро мемонад, ки қодир аст дар баробари ҳар хубу бад аз худ ҳимоя намояд. Ё ба қавли дигар дарахти бузургеро мемонад, ки солҳо пеш самаровару мевадиҳанда аст ва аз самари мевааш ҳазорон коми мардумон шаҳдбор гардидааст.

Имрӯз хурду бузурги кишвар, ки дар фазои сулҳи кишвар ҳаёти осудаю хушҳолона ба сар мебаранд, аз хидмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бархурдоранд. Талошҳои ин неруи пурқудрати ҷомеъаро барои пешрафти давлату миллат борҳо дидаанду ин ҳизбро бо ҷон қабул доранд ва ҳадафҳои созандаашро мепазиранд.

Набояд фаромӯш намуд, ки дар садри ин ҳизби созандаю бунёдкор Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Ин марди бузург ва фарзонафарзанди миллат аз замони ба сари қудрат омаданаш тамоми қувваю нерӯяшро барои пешрафти давлату миллат ва таъмини ҳаёти осудаи халқ бахшид. Ҳизбро таъсис дод, ки идомадиҳандаи кору пайкор ва ҳадафҳои созандааш мебошад. Ин сиёсатмадори роҳи хирад Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои ҳаёти осудаи халқи заҳматдидаю ранҷкашида таъсис доданд, то тавонанд зери ҳимояи давлату миллат ҳаёти осудаю беғамро соҳиб шаванду аламу дардҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш намоянд. Агар ба фаъолияти пурсамари 30 солаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андозем, дар воқеъ мебинем, ки ба ному унвонаш сазовору арзанда аст. Дар воқеъ ҳизби халқӣ ва барои пешрафти зиндагии халқ талош менамояд.

Дигар аъзоёни гурӯҳ баҳри бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём, даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ баромад ва маърӯзаҳо карданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Пайравони Сино” Эмомов Ҳасан  шаҳри Левакант иброз дошт, ки сифати таълиму тарбия дар Муассиса дуруст ба роҳ монда шуда, то кунун ягон қоидвайронкунӣ мушоҳида нагардидааст. Дар оянда низ маъмурияти Муассиса кушиш менамоянд, ки сифати таълиму тарбияро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, кадрҳои болаёқати соҳаи тандурустиро омода созанд.