ЛЕВАКАНТ: СОЛИМИИ ҶАВОНОН-СОЛИМИИ МИЛЛАТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки намояндаи Маркази наркологии вилояти Хатлон–Мусамиров Ҳайдар, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ленвакант ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти Литсейи давлатии №1 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Мусамиров Ҳайдар, намояндаи Маркази наркологии вилояти Хатлон зимни ин вохӯрӣ бо хонандагон иброз дошт, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфии худро расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало сохта, ниҳоят ба марг бурда мерасонад. Албатта, теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошанд.
Масъулин ба ҷавонон таъкид намуданд, ки нашъамандӣ ва дигар одатҳои бад инсонро беобрӯ карда, оқибат ба маҳкама ё марг оварда мерасонад. Аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ даст ба нашъамандӣ ё дигар одатҳои бади ба он наздик назада бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул гарданд.