ҲИЗБИЁН БА ТОЗАГӢ АҲАМИЯТИ АВВАЛИНДАРАҶА МЕДИҲАНД !

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани коргоҳу маҳалли зист кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант таҳти унвони “Ҳизбиён ба тозагӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд!” корҳои ободониро ба роҳ монда истодаанд.