ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МУҲОФИЗИ ОРОМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Эҳёи Артиши миллӣ дастоварде буд, ки ба музаффариятҳои мамлакат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд, ки бузургтаринаш пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Арзиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат-Расулов Меҳтоҷалӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб суҳбату вохури баргузор карда шуд.

Зимни суҳбату вохурӣ гуруҳи корӣ дар назди ҳозирин оиди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилотҳои ғайрирасмии динӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва ибрози ақида намуда, насли наврасро даъват бар он намуданд, ки аз ҳама гуна омилҳои номатлуби ҷомеа худдорӣ намуда, қайд карда шуд, ки хизмати Ватан- Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чунки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст.