ДАРАХТИ МАН БАРОИ ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Бояд тазаккур дод, ки иқдомоти мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳр сурат гирифта, то ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
Бо ташаббуси вакилони ҳизбии шаҳри Левакант дар кӯчаи Зебониссо зиёда, аз 100-адад дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуда, ин иқдом марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.
Дар доираи иқдоми умумишаҳрии Вакилони ҳизбӣ таҳти шиори “Шаҳри ман-хонаи ман” дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.