ТОЗАГИВУ ОБОДКОРӢ-ГАРАВИ САЛОМАТӢ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо командони Кумиати иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант шанбегии дастаҷамъона дар худи бинои Кумита баргузор гашт.

Бояд тазаккур дод, ки иқдомоти мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳр сурат гирифта, то Ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.