СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАМОМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувиятӣ миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, ҳар шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант ташаббуси муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” баргузор карда мешавад.
Чунин иқдом имрӯз дар тамоми муассиҳои таъилмӣ бо иштироки директорон ва омӯзгорони пуртаҷриба баргузор карда шуд.
Дар баромадашон вобаста ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти Самаранок истифода барии захираҳои обӣ, Ҳифзи пиряхҳо, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Бо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои дарси амалӣ гузашта ба шогирдон насиҳат намуданд, ки бо баҳои хубу аъло хонанд ва ба донишгоҳу догишкадаҳои кишвар дохил шуда соҳиби касбу ҳунар гардида ба ватану миллати худ садоқатмандона хизмат намоянд.