ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант маъракаи муқоисакуни аъзои ҳизб ва амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман!” роҳандозӣ гардидида истодааст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии Қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 8-декабри соли 2023 ҷиҳати назорати сифатноки аъзои ҳизб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маъракаи муқоисакунии аъзои ҳизб ва амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман!” гузаронида шуда истодааст.

Ҳамарӯза марҳила ба марҳила аз имкониятҳо истифода намуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳаракати аъзои ҳизб муайян ва тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавобгӯ шуда истодааст.

Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.

Ҳамзамон масъулини Кумита ба ҳар як аъзои нав зимни шаҳодатномасупорӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.