ҲАМБАСТАГӢ ВА ҲАМДИЛӢ МОРО БА ОБОДИИ ВАТАН МЕРАСОНАД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади сарсабзу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ватани азизамон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар сокинони маҳал шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом гирифта, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант  баргузор карда шуд.

Дар мавсими нави ниҳолшинонӣ бо ташаббуси масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант, дар соҳили дарёи Вахш, Аксияи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин аксия, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Султонов Фарух, аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сокинони деҳаи Вахш ба ҳашар баромада, як миқдор ниҳолони ороишии арча шинонида, ки бо сабзиши ниҳолҳо ин мавзе боз ҳам зебову дидани хоҳад гашт.