ЛЕВАКАНТ: ПАЁМ- ҲАМОИШИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИСТОН”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Барасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Олимзода Низора, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Авғонова Мастона, Маснавиева Фазила, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси шаҳри Левакант Шеров Давлат, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Гулистон” Эмомов Абдуҷабор аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, расонида шуд.
Ҳамоишро вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Олимзода Низора ҳусни оғоз намуда, оид ба шарҳи тавзеи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки аз як тараф, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз солҳои сипаришуда бошад, аз тарафи дигар, раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан, имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарастиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт,ки кишвари маҳбуби мо дар зарфи 32-соли соҳибистиқлолӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон мо неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Гулистон” Эмомов Абдуҷабор қайд намуданд, ки ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҷавонони мо, ки насли замони Истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд, қайд намуданд Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон (28.12.2023).
АЗ тарафи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси шаҳри Левакант Шеров Давлат зикр гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ дорад.
Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои раҳоӣ бахшидани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирифтанд, амалӣ гардиданд.
Дар ин миён ҳадафҳои навин, аз қабили ба кишвари энергетикӣ табдил додани Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз мазмуну муҳтавои асосии Паём ба ҳисоб мераванд.
Зимни баромади Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора қайд карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Мо ҳизбиён дар ҳамин радиф тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро барои беҳбуд намудани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум барои минбаъда ҷонибдори намуда ва дар фаъолияти минбаъдаамон Паёми Пешвои миллатамонро самашқи кори худ қарор медиҳем.