ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Осорхона таърихи зиндаи ҳар як халқу миллат аст. Дар осорхона таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одат ҳифз карда мешавад. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ аст ва аз ин рӯ, на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар ҳар як шаҳру новоҳии он осорхонаҳои гуногуни таърихие вуҷуд дорад. Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти аз 27- октябри соли 2021 фаъолият дорад, ки тамоми сокинони шаҳр меҳмонон ва дилхоҳ нафаре, ки ба шаҳри Левакант сафар дошта бошад албатта аз ин осорхона дидан менамояд. Ин навбат устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимова Зебо Муродалиевна-омӯзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ Дотсент, Шарифзода Ҳомид Сафар-Сардори Раёсати омӯзишӣ ва масъалаҳои Амнияти минтақавии маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, Шарифзода Исмоил Муҳибулло-мудири Кафедраи ҳуқуқ соҳибкори ва тиҷорат факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дотсент, аз осорхонаи мазкур дидан намуда маълумоти лозимиро аз тарафи роҳбари осорхона Миров Лутфуло ба таври лозими гирифта эҳсоси хушҳоли намуданд.