ПАЁМ - ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Баррасии Паёми Пешвои миллат дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саёҳӣ” бо иштироки Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, Сардори шуъбаи  КДАМ ҶТ дар  шаҳри Левакант Ҷураев Ҷонмаҳмад,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора,  Азимова Зебоҷон Муродалиевна-омӯзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент, Шарифзода Ҳомид Сафар-Сардори Раёсати омӯзишӣ ва масъалаҳои Амнияти минтақавии маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, Шарифзода Исмоил Муҳибулло-мудири кафедраи ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва тиҷорат факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дотсент, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ташкилотҳои ибтидои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, расонида шуд.
Сипас раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша - оид ба шарҳи Паёми  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки аз як тараф, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз солҳои сипаришуда бошад, аз тарафи дигар, раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан, имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарастиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт, ки кишвари маҳбуби мо дар зарфи 32-соли соҳибистиқлолӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон мо неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Сипас аз тарафи меҳмонон баромадҳои таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҷавонони мо, ки насли замони Истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд, қайд намуданд Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон (28.12.2023).
Аз тарафи Прокурори шаҳри Левакант Зоирзода Комилҷон зикр кард, ки Паёми  навбатии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ дорад.
Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои раҳоӣ бахшидани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирифтанд, амалӣ гардиданд.
Дар ин миён ҳадафҳои навин, аз қабили ба кишвари энергетикӣ табдил додани Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз мазмуну муҳтавои асосии Паём ба ҳисоб мераванд.
Зимни баромади Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора қайд карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Мо ҳизбиён дар ҳамин радиф тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро барои беҳбуд намудани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум барои минбаъда ҷонибдори намуда ва дар фаъолияти минбаъдаамон Паёми Пешвои миллатамонро самашқи кори худ қарор медиҳем.
Биёед эй азизон ҷамъ бошем,
Ба роҳи якдигар чун шамъ бошем.
Ватан обод гардад чун ба роҳаш,
Вафодору ба ору нанг бошем.