АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” НАТИҶАҲОИ НЕК БА САМАР МЕОВАРАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман!” дар тамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо хатмкунандагон баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассисаҳо ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бо иштироки директорони  муассисаҳо  чунин ташаббус баргузор карда шуд. Ҳангоми суҳбат вобаста ба Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ибрози андеша намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аснои баргузори хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин боргоҳи илм низ ҷалб гардида, саҳми муносиб мегузоранд.