ЛЕВАКАНТ: МУСОИДАТ БА ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА КАСБОМӮЗИ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар хамбастаги бо Агентии мехнат ва шуғли аҳоли дар ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” деҳаи “Навобод” баҳри ҷалби ҷавондухтарон ва занони бешуғл ба касбомӯзи заминаҳои ташкилиро роҳандози намудаистодаанд. Ин навбат курсҳои омӯзиши аз намуди дузандагӣ пазандагӣ ва бофандагиро дар деҳаи мазкур бо ҷалби аҳолии бекор аз моҳи январи соли 2024 ба роҳ мемонанд. Мақсад аз фарогири намудани занон ва бонувони хонашин ва баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳо ба ҳисоб меравад.