ЛЕВАКАНТ: “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳанчиён” аксияи тозаги доир гардид. Дар аксияи мазкур аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин аксияи дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баҳри тозаю обод гардонидани дохили ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳи оҳанчиён" ба ҳисоб меравад.