ЛЕВАКАНТ: ҲАР ИҚДОМИ ҲИЗБИЁН БОИСИ ТАҲСИН АСТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тоза намудани заъбуру заҳкашҳо ва омода намудани замин барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ аз масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт бо ташаббуси масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант тозанамудани заъбурҳои атрофи заминҳои кишоварзии ҷамоат вусъат гирифта истодаанд.

Тибқи маълумоти Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти «Гулистон»-Эмомов Абдуҷаббор иброз намуд, ки барои обёрии заминҳои ҳудуди ҷамоат бо техникаҳои калон ва ҷалби хоҷагидорон корҳои омодасозӣ барои кишти барвақтии маҳсулот ва умуман заминҳои кишоварзи ҷараён бахшидаанд. Ин иқдом ирӯзҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаасту кор аз деҳаи Боҳтуробод оғоз гардидааст. Инчунин ӯ афзуд, ки дар кутоҳтарин фурсат заъбуру заъкашҳо тоза ва заминҳо ба кишти зироатҳои кишоварзӣ омода мегарданд.