ЛЕВАКАНТ: АЪЗО ШУДАН БА САФИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТ ВА ОДОБУ АХЛОҚИ ҲАМИДАРО ТАЛАБ МЕСОЗАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақу дастболо буда, дар баробари ҳадафҳои неку созанда тарбиятгари насли ҷавон дар масири хештаншиносӣ мебошад.

Зеро роҳбарии ин Ҳизби созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари менамояд, ки пайравони мактаби хирадмандонаву сулҳпарваронаи Роҳбари ташаббускору навовар рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

Ин гуфтаҳоро дар аъзошавии ҷавонони саодатманду сарбаланди диёри зебоманзари шаҳри Левакант пай бурдан мумкин аст.

Зимни тақдим намудани шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сипарони Ватан” ӯ иброз намуд, ки дар баробари рисолати касбии хеш зери партавафшонии ливои созандаву бунёдкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми хешро дар пешрафт ва ободии Тоҷикистони азизамон мегузорам.