ЛЕВАКАНТ: МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНИ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист" дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳрамон ҳамчунин барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинони доир гардид.

Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора муовини Раиси шаҳр Шоҳиён Саъдуло ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.Минбаъд низ дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ниҳолшинони идома ёфта, барои сарсабзу зебо гардонидани шаҳр, ки як пораи Тоҷикистони биҳиштосост, саҳми муносиб гузошта мешавад.