ЛЕВАКАНТ: ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9- декабри соли 2023 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Дар толори қасри фарҳангӣ шаҳри Левакант ба ифтихори 29- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабини Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Олимзода Низора, муовини раиси шаҳр Саъдуло Шоҳиён, ва як қатор раисону аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаолона иштирок намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Олимзода Низора маҷлиси тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳамагонро бо 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳаният гуфта, ба онҳо дар амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбӣ орзӯ намуданд.

Сипас, муовини раиси шаҳри Левакант Саъдуло Шоҳиён ба сухан баромада, табрикоти раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафш ба саҳми ҳозирин расониданд.

Ҳамзамон Муовини раиси шаҳри Левакант Саъдуло Шоҳиён кулли аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакантро ба муносибати 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сол қaбл aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизa-мон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ донист. Омили асосии дар як мудати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ҳимоя мекунад ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва ҷонибдорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакантро сипоснома ва туҳфаҳои хотирави тақдим намуданд..

Дар фарҷом барномаи аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” барномаи фарҳангӣ баргузор намуда шуд.