ЛЕВАКАНТ: ҲАФТАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориёнбонк» дар шаҳри Левакант Мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори Мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр, ки аксаран роҳбарони Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошанд иштирок намуданд.

Суҳбати чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр-Олимзода Низора оғоз намуда, иброз намуд, ки ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ташкил шуда, дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Раиси ҲХДТ, роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро соҳиб гардида, нуфузу эътибора хосса пайдо намуд. Имрӯз бошад аз таъсиси ин ҳизби пешбар дар Тоҷикистон 29-сол пур мешаваду дар ин муддат мо ба дастовардҳои бузурге ноил гаштем.

Сипас муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинзода Ориф, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба дастовардҳои ҲХДТ дар зарфи 29-соли фаъолият ибрози назар карданд.