ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ АКСИЯИ ҲАФТАИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар арафаи 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҳафтаи ҳизбӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ин аксия Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Олимзода Низора дар шаҳри Левакант, Мудири бахши САҲШ-Шералиева Адиба, дигар фаъолони ҳизбӣ куҳансолтарину сермаҳсултарин аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф Вализода Берди Раҷаб-ро аёдат намуда, ӯро бо туҳфаҳо қадршиносӣ карданд.

Ҳангоми ин аёдат дар китобхонаи шахсии собиқадори меҳнат, дорандаи МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Вализода Бердӣ Раҷаб як суҳбати хуб атрофи фаъолияту зиндагиномаи мавсуф анҷом ёфт. Гуфтан ба маврид аст, ки дар китобхонаи шахсии ӯ беш аз 2500 китоб, аксу хотирот, гӯшаи ҳизбӣ бо нигоҳдории баронмаҳои ҳизбӣ ва шеърӯ маводҳои нигоштааш нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар идомаи ин Аксия фаъолони ҳизбӣ дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон Худойдод Саидов маъюби гурӯҳи якум, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад 16-и шаҳрро аёдат намуда, ба ӯ кумакпулӣ аз ҷониби Кумиати иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андозчиён”-и шаҳр ва маводҳои ғизоию дигар чизҳои лозимаро аз тарафи бахши САҲШ дастрас намуданд.

Модари ӯ Садбарг Саидова аввалан аз дастгири ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бъдан аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша барои дастгириҳои доимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки фарзандаш Худойдод Саидов маъюби модарзодӣ буда, 22-сол аст, ки дар бистари беморӣ мебошаду бо кумаки Мақомоти иҷроия ва шахсони саховатпеша ӯро нигоҳубин мекунад.

Боиси зикр аст, ки ин Аксияи ҳизбӣ тули як ҳафтаи дигар идома дошта, якчанд ташаббусҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.