БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар доираи Амалиёти муштарак 25-ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Левакант “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар синфҳои болои вобаста ба Таъсисёбии ва дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   вазъи  сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар таъмини қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ: Риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  гузаронида шуд. Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.