САЁҲАТИ ДУНЁ АЗ САЁҲАТИ ВАТАН САРЧАШМА МЕГИРАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 06.05.2022. Соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёт буда, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии соҳа самтҳои муҳимтарини сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Бо ташабусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи Стратегияи Рушди саёҳӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2030 саёҳати котибони фаъоли ҳизби, ғолибони олимпиадаҳои фанни ва ҷавонони шаҳри Левакантро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шаҳри Бохтар "Осорхонаи Авасто", Ҷ.Балхӣ "Мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Ҷ.Балхӣ", Дӯстӣ Мамнугоҳи "Бешаи Палангон", Мақбараи "Имом Зайнулобиддин" ташкил ва баргузор намуд. Мақсад аз баргузор намудани ин чорабинии мазкур Рушти соҳаи саёҳии дохилии кишвар арзёби мегардад.