АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ:  Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” дар  муассисаи таълимӣ миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур,  мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ директори муасисаи мазкур Тоиров Тоҷиддин, омӯзгорон  иштирок намуда дар мавзӯъҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шогирдони синфҳои болоӣ дарс гуфтанд.