ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз 23-юми ноябр, дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар кӯчаҳои шаҳр ва назди ташкилоту корхонаҳо шиору овезаҳо насб гардида, қабл аз чорабинӣ аз се гӯшаи кӯчаи марказӣ то майдони Парчам, бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту корхонаҳо дар даст шиору парчамҳо роҳпаймоии идона гузаронида шуд.

Пас аз роҳпаймоӣ раиси шаҳр-Файзиддинзода Бунафша тамоми меҳмонон ва иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Инчунин ӯ зикр намуд, ки 22-юми сентябри соли 2020 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлати бо сутунпояи 41-метр, паҳноии матои он 6 ва дарозии мато 12 метр барафрохта шуд, ки ин мояи ифтихори ҳар як сокини шаҳри Левакант мебошад.

Дар ҳамин фазои тантанавӣ ду варзишгари навраси шаҳр Маҷидов Абдулло ва Мирзозода Муҳаммад, баъди бозгашт бо медали тилло аз Турнини байналмилалӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид истиқбол гирифта шуданда бо туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Қайд бояд кард, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст, ки тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11-уми декабри соли 1999 ба қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 892 тасдиқ шудааст. Мо ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Дар охир аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр, барномаи рангини омодакардаи идонаи худро бо суруду таронаҳои ватандӯстона манзури иштирокдорону меҳмонони чорабинӣ гардониданд.