ТОҶИКИСТОНИЁН БО ПАРЧАМ БИФАХРАНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар швҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК”- и шаҳр бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант сароғоз кормандонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, дар бораи таърих ва ойини парчаму парчамдорӣ ва Парчами давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву якдилии халқу миллатҳои ҳар кишвар, мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳими фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.