РӮЗИ ЁДОВАРӢ БА ХОТИРИ ШОД КАРДАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-апрели соли ҷори бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар оромгоҳи деҳаи нурафшони ҷамоати деҳоти Ваҳдат Аксияи ҳизбии зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар Аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, имомхатиби шаҳр, волонтиёрони ҳизбӣ ва зиёда аз 60 нафар сокинони деҳаи мазкур дар фазои тинҷу ороми кишвар ва бо як ҳиси баланди ободкориву созандагӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада дохил ва атрофи оромгоҳро аз ҳар гуна партову алафҳои худрӯи хӯшкшуда тоза ва бехи дарахтонро нарм намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанад.

Ёдорвар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдовари” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар оромгоҳои шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.

Гар ба гӯристони муштоқон савора бигзарӣ

Ҷон диҳад дар тан садои сумми аспат мурдаро

(А.Ҷомӣ)