ЛЕВАКАНТ: БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи накшаи кории Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”- шаҳр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем” вохӯри доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шҳри Левакант ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд.

Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.