ЛЕВАКАНТ ШАҲРИ ГУЛҲО

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби ХалииДемократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар якҷояги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши ҳифзи муҳити зист ва бахши САҲШ-и шаҳри Левакант Озмуни шаҳриро байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуданд.  Мақсади аслии озмун бедор кардани завқи зебоипарастӣ, парвариши гулу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои хонагӣ буда, дар он тамоми ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.

      Маъракаи ҷамбасти даври аввалӣ Озмун дар назди гулгашти Парчам дар шаҳри Левакант сурат гирифта, бори дигар намоиши гулҳо ва шиору овезаҳо ба роҳ монда шуд. Тибқи баҳодиҳии аъзои Комиссияи Озмун ҷойи аввал насиби гулпарварони ташкилоти ибтидоии ҳизбии филиали Муассисаи давлатии таълимии ДБССТ дар шаҳри Левакант гардида, ҷойи дуюмро ташкилоти ибтидоии ҳизбии Корхонаи фарии давлатии хоҷагии манзилию комуналӣ ва ҷойи сеюмро Китобхонаи марказии шаҳр соҳиб шуданд.  

      Ғолибон бо Ифтихорномаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант сарфароз дониста шуданд. Зимни туҳфасупорӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора зикр намуд, ки Озмуни шаҳрии «Левакант шаҳри гулҳо» аввалин маротиба ҳаст, ки баргузор мегардад. Мо дар оянда ният дорем, ки барои бедор кардани завқи зебоипарастии сокинон шумораи чунин озмунҳоро бештар гардонида дар натиҷа корҳои ободонию зебогардониро дар назди ҳар ташкилоту корхона, шаҳраку ҷамоат, деҳаву маҳалла ба роҳ монем.