ЛЕВАКАНТ: АЪЗОЁНИ ҲИЗБ БИЁЕД КИТОБ ХОНЕМ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҳар рузи ҷумъа дар толори Китобхонаи марказии шаҳр бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизби рузи китобхони доир мегардад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деиократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ба сухан баромада қайд карданд, ки Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад, Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд.

Ин навбат бо иштироки васеъи ташкилотҳои ибтидоии ҳизби китобҳои Раиси Муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муарифи гардиданд.