ЛЕВАКАНТ: САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ шаҳри Левакант оид ба дастуру супоришиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин» суҳбату вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора аз замини наздиҳавлигӣ Хадамоти давлатии оташнишонӣ шаҳри Левакант дидан намуданд, ки воқеан онҳо ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, маводи ғизоиро барои зиндагии хеш захира намудаанд.