ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР «ЛКСК»-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Шеров Давлат, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"-и шаҳр-Ашурзода Ниёзалӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Қисмати тантанавии чорабинӣ бо хондани суруди миллӣ оғоз гардида, мувофиқи тартиби барномаи чорабинӣ дар мавзуҳои вобаста ба Кониститутсия маърӯзаҳо пешкаш гардид.

Сипас меҳмонони чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни муассисаро бахшида ба Рӯзи Конститутсия табрик намуда, ба донишҷӯён хониши хубу аъло ва ба омӯзгорон фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияро орзу намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассиса суруду таронаҳои ватандӯстона манзури меҳмонону тамошобинон гардонида шуд.