ЛЕВАКАНТ: КОНСТИТУТСИЯ- БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи накша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар якҷояги бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “АДСИН” бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба рӯзи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохури доир гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шари Леваканд ҳозиринро бо ин санаи муборак табрик намуда қайд карданд, ки таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд зикр намуданд,ки Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад.