ЛЕВАКАНТ: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” вобаста ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, интихоби касбу ҳунар ва баланд бардоштани донишҳои сиёсии онҳо  дар байни хонандагони синфҳои 10-11, дарсҳои соати сиёсӣ доир намуд.

Чунин чорабинӣ бо хонандагони синфҳои болоии дар ҳамаи  муассисиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор карда шуд. Зимни суҳбат вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 32-соли Истиқлолият бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба мавзӯъҳои “Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, интихоби дурусти касб донистани таъриху фарҳанги давлату миллати худ ва омухтани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибрози андеша карда шуд.